Устод Садриддин Айнӣ дар саргаҳи сомониёншиносии илмии миллӣ
Устод Садриддин Айнӣ дар саргаҳи сомониёншиносии илмии миллӣ

Солҳои 20-ми асри гузашта, дар баробари дигаргунсозиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии дар давлати Шӯравӣ ҷараёнгирифта, илми таърих низ ба талаботи идеологии барои замон мувофиқ ба роҳ монда шуд. Ин давра барои Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна давраи анҷоми гузариш аз донишҳои таърихӣ ба илм ҳисоб меёфт. Бо кӯмаки бевоситаи марказҳои илмии Иттиҳоди Шӯравӣ: Москва, Ленинград, Тош- кент ва ғайра дар як муддати кӯтоҳ барои ташак- кулу дурнамои рушди ояндаи илми таърих дар
Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон (1924), сипас ҶШС Тоҷикистон (1929), ки барои ташаккули худ- шиносии миллӣ мусоидат мекард, ба сифати яке аз масъалаҳои муҳимму расмии давлатӣ, зарурати омӯзиши илмии таърихи гузаштаро пеш овард. Дар ҳолате ки ақидаҳои миллатгароии пантуркистӣ ҳанӯз аз миёнаи асри XIX арзи ҳастӣ намуда, дар даҳсолаи аввали баъди барқароршавии Ҳокимияи Шӯравӣ бо суръати баланд рушд меёфт ва яке аз ғояҳои марказии он аз комилан инкор намудани таърихи тамаддунофари сокинони азалии Осиёи Марказӣ — тоҷикон иборат буд, ҳифзи арзишҳои таърихӣ табиист, ки ба мадди аввал баромад. Акнун дар асоси маъхазҳои хаттӣ ва маводи бостоншиносӣ кушодани мавқеи тамаддунофари тоҷикон, ташкилёбии аввалин давлати комилан мустақил, пуриқтидору доманфарохи онҳо — дав- лати Сомониён ба дараҷаи масъалаи марказии таъ- рихнигории миллӣ табдил меёфт.
Аз муаррихони миллии замони Шӯравӣ аввалин шуда, Садриддин Айнӣ ҳанӯз соли 1920 аз нақши таърихии Сомониён ёдовар шуда, навишта буд: «Мо аз таърихи қадим чашм пӯшида танҳо аҳволи пас аз исломиятро ба назар орем, мебинем, ки ба ҳар кори маданӣ пештару роҳбар тоҷикон буданд. Чунончӣ, дар аҳди Сомониён адабиёт ва саноеъ чӣ