МАЪЛУМОТ

МАЪЛУМОТ

Ҳайати таҳририя

Саид Нуриддин Саид - Мушовири ҳақиқии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

Саидзода Раҳим Ҳамро- Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор

Давлатзода Зулфия Давлат- Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фарҳод Раҳими- Президента Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик

Кароматулло Олимов-Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

Юсуфшо Яқубшо - Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

Пирумшоев Ҳайдаршо - Доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Убайдулло Насрулло - Директори Института таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор

Ҳамза Камол - Доктори илмҳои таърих, профессор

Мирзошоҳрух Асрорӣ - Ходими пешбари Института фалсафа, сиёсатшиносӣ ва хуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

Абдувалӣ Шарифзода – Мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

Мурод Ёров-Раиси Раёсати ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои  таъриху фарҳанги ҶТ»

Оид ба сармуҳаррир
УБАЙДУЛЛО НАСРУЛЛО КАРИМЗОДА
  УБАЙДУЛЛО НАСРУЛЛО КАРИМЗОДА (Убайдуллоев Насрулло Каримович) (тав. 10. 08. 1963, деҳаи Порвени ноҳияи Панҷакент), муаррихи тоҷик, номзади илмҳои таърих (2003), дотсент (2010), доктори илмҳои таърих (2015), профессор (2019). Солҳои 1980–1985 дар шӯъбаи таъриху ҳуқуқи факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1985–1990 муаллими таъриху ҷамъиятшиносии мактаби миёнаи № 83 ноҳияи Рӯдакӣ, 1990–1998 ассистент ва муаллими калони кафедраи таърихи ИҶШС, кафедраи таърихи халқи тоҷик ва муовини декани факултети таърихи Донишгоҳ буд. Солҳои 1990–1994 дар шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил дошт. Солҳои 1998–2007 ҳамчун муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик, муовини аввали сардори шуъбаи таълим, муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба таълим, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2008 - 2015 декани факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2015-2017 мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, 2017-2019 муовини ректори  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оид ба илм кор кардааст. Аз 5 феврали соли 2019 то имрӯз директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияяи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Муаллифи 6 монография, муаллиф-мураттиби  9 китоб ва зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ мебошад. Оид ба масъалаҳои инкишофи мактабу маориф, фарҳанг, афкори сиёсию ҷамъиятии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX, таърихнигории таърихи халқи тоҷик, ба вижа таърихи мактабу маориф корҳои илмӣ бурдааст. Сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Муаррих», «Мероси ниёгон», узви ҳайати мушовараи маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ», раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои докторӣ дар назди Институт таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИ Тоҷикистон мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001) сарфароз шудааст.
     Мукофоту ҷоизаҳо:
    Аълочии маорифи Тоҷикистон. Душанбе, 2001
Тамос: 
Email- Суроғаи электронӣ: nasrullokarimovich@mail.ru  Телефон: 938-50-00-10
    Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироъот:
   Бори нахуст таърих ва таърихнигории мактабу маорифи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX – нимаи аввали асри XX - ро мавриди таҳқиқ қарор дода, собит намудааст, ки тоҷикон ҳамчун мардуми бумии минтақаи Осиёи Марказӣ аз ибтидо соҳиби мактабу маориф мебошанд. Таърихи ниҳодҳои омӯзишии тоҷикон аз замонҳои қадим ибтидо гирифта, новобаста аз ивазшавии сулолаҳову хонадонҳои ҳукмрон ва истилои аҷнабиён тоҷикон ҳамеша мактабу маориф ва фарҳангии суннатии худро ҳифз тамуда, рушду пешрафти онро таъмин менамуданд. Аз ҷумла, дар нимаи дуюми асри XIX – нимаи аввали асри XX дар баробари забони арабӣ  дар мактабу мадрасаҳои минтақа забони тоҷикӣ-форсӣ забони таълимӣ буд ва сарҳалқаи илму фарҳанг, мактабу маориф ва умуман ҳаёти маънавии минтақа тоҷикон буданд.
Маълумоти умумӣ

Идораи маҷаллаи «Мероси ниёгон» ба хотири риояи гуногунандешӣ маводҳоеро низ ба табъ мерасонад, ки ба муҳтавои он мувофиқ нест. Идораи маҷалла ҳамчунин масъулияти дурустии далелу рақамҳоро ба ваколати муаллифон вогузор намудааст.